Эмомалӣ Раҳмон пули чорум миёни Тоҷикистону Афғонистонро боз кард

Asia-Plus

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон рафт.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт.

 Дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пули азиме дар болои рўди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Ифтитоҳи ин пули бузург, ки панҷумин пули пайвандсози Тоҷикистону Афғонистон  аст, боиси хушҳолию сипоси бепоёни мардуми ду соҳили рўди Панҷ дар ин мавзеъ гардид. Хусусан шодию нишоти мардуми деҳоти наздики Афғонистон беҳадду канор буд, зеро зиёда аз 10 ҳазор аҳолии ин гўшаи ҳамсоякишвари дўсту бародар то ин вақт умуман ба ҳеҷ самт роҳи мошингард надоштаанд.

 Тавре зикр гардид, лоиҳаи бунёди ин пули азим дар асоси қарордоди сеҷонибаи ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Созмони рушди Оғохон татбиқ гардидааст.

 Ин пул бо дарозии 216 метр дарозтарин пули овезон дар Тоҷикистон мебошад. Паҳноии он 5 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна будааст. Ба иттилои масъулин, ин пул бо харҷи наздики 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми ноҳияи Ванҷ ва сокинони деҳоти наздисарҳадии ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бо ифтитоҳи ин пули азим табрику таҳният гуфта, онро тўҳфаи арзанда ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номид.

 Дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин зикр гардид, ки ин пули чоруми миёни Тоҷикистону Афғонистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мебошад. Таъкид гардид, ки пули Ванҷ имкон медиҳад зиёда аз 70 ҳазор аҳолии тоҷику афғон аз ду соҳили рўди Панҷ миёни ҳам робитаҳои саҳлу мустақими нақлиётию тиҷоратӣ ба роҳ монда, сатҳи зиндагии худро беҳ созанд.

 Тавре иттилоъ дода шуд, аз ду ҷониби пул дар хоки Тоҷикистон ва Афғонистон бозорҳои наздисарҳадӣ фаъол мегарданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин нуқтаҳои санҷишии сарҳадбонону кормандони гумрук бунёд ёфта, бо харҷи қариб 2 миллион сомонӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису назорат муҷаҳҳаз гардидаанд.

 Лоиҳакашӣ ва сохтмони ин пули азим аз ҷониби муассисаҳои ватании Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷараёни он беш аз 450 нафар соҳиби кору маоши хуб буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.