Масъалаи тамдиди мӯҳлати баргардонидани «пулҳои Роғун» то ахири ҳафта ҳал мешавад

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ Роғун» бояд то ахири ҳафта масъалаи тамдиди мӯҳлати суратҳисобҳои депозитии ҶСК «НОБ Роғун»-ро ҳал намояд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, феълан аз ҳисоби маблағҳои ҶСК «НОБ Роғун» дар панҷ бонки тиҷоратии Тоҷикистон ба сифати суратҳисоби депозитӣ дар ҳаҷми 157 млн. […]

Заррина Эргашева

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ Роғун» бояд то ахири ҳафта масъалаи тамдиди мӯҳлати суратҳисобҳои депозитии ҶСК «НОБ Роғун»-ро ҳал намояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, феълан аз ҳисоби маблағҳои ҶСК «НОБ Роғун» дар панҷ бонки тиҷоратии Тоҷикистон ба сифати суратҳисоби депозитӣ дар ҳаҷми 157 млн. сомонӣ мблағгузорӣ шудааст.

«Маблағҳо ба муддати як сол пешниҳод гардида, мутобиқи қарордод, имрӯз мӯҳлати баргардонидани онҳо фаро расид, вале чун ҳамаи панҷ бонк расман бобати дароз кардани мӯҳлати суратҳисоби депозитӣ дархост карданд, феълан аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҷараёни интизорӣ амал мекунад ва ҳатман маблағи пулиро баргардонидан аз ҷониби онҳо шарт нест», – шарҳ доданд дар Вазорати молия.

Бино ба иттилои манбаъ, далели асосии дархости мазкури бонкҳо дар он ифода меёбад, ки ин воситахо барои пешниҳоди қарз ба бахши воқеъии иқтисод истифода шуда, саривақтӣ будаанд.

«Ғайр аз ин, аз гардиш баровардани маблағи зиёди пулӣ метавонад ба сатҳи пардохтпазирии бонкҳо таъсири манфӣ гузорад», – гуфт манбаъ.  

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, маблағҳои пулии «Роғун» дар ҳаҷми умумии 157 млн. сомонӣ (33,2 млн. $), ки аз ҷониби давлат ба суратҳисоби депозитии панҷ бонки ҷумҳурӣ гузошта шуда буданд, дар муддати як сол ба маблағи 11,9 млн. сомонӣ (2,5 млн. $) даромад оварданд.

Маблағи аз ин ҳисоб гирифтаи бонкҳо ба тариқи зайл аст: ҶСК «Агроиннвестбонк» – 118,2 млн., «Тоҷиксодиротбонк» – 20,3 млн., «Бонки рушди Тоҷикистон» – 2,8 млн., «Тоҷпромбонк» – 11,1 млн. ва «Фонон Бонк» – 5 млн. сомонӣ.

Мутобиқи қарордоди баимзораисда миёни бонкҳои мазкур ва Вазорати молияву ҶСК «НОБ Роғун», ин воситаҳо ба муддати як сол пешниҳод гардида, замони имзои қарордод меъёри бозтамвил 8% ва баҳори соли равон то 9% боло бурда шуд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндагони ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСП «Фононбонк» изҳор карданд, ки онҳо ба ҷуз тамдиди мӯҳлати амали суратҳисобҳои депозитӣ, ҳамчунин ҷудо кардани маблағи пули иловагӣ аз ин ҳисобро низ дархост намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.