Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ озими Туркия шуд

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ озими Истамбул шуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҷаласа 17 августи соли 2011 бо иштироки Сарвазири […]

Asia-Plus

Душанбе. 16-уми август. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ озими Истамбул шуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Ҷаласа 17 августи соли 2011 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ержан Казиханов баргузор мегардад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи аввали соли равон дар як қатор кишварҳои Африқо – Сомалӣ, Кения, Эфиопия ва Ҷибути бӯҳрони душвори ғизоӣ ба амал омад, ки тайи 50 соли ахир собиқа надошт.

Дар минтақаи мазкур беш аз 3,6 млн. нафар аз гуруснагӣ дар ҳоли марг қарор доранд. Сабаби камбуди маводи ғизойӣ хушксолии шадид аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.