ИМА баҳри таҳкими марз ба Тоҷикистон 7 млн. $ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад

Asia-Plus

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Ислоҳоти №11 ба Созишномаи байни Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқро ба имзо расониданд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳукумати ИМА тавассути пешниходи барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот, инфрасохтор ва коршиносӣ барои тақвияти амнияти марзҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллари ИМА таъмин мекунад.

Кӯмаки мазкур ба иҷроиши раванди ислоҳоти милиса ва татбиқи Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистон мусоидат мекунад. Он инчунин аз кӯшишҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва барои муассисаҳои соҳаи адлияи кишвар омӯзиш доир менамояд ва кӯмаки ташкилотӣ мерасонад.   Бо кӯмаки созмонҳои ғайриҳукуматии маҳалливу байналмиллалӣ он дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон идома медиҳад.

Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад.  Бо кӯмаки мазкур Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 41 миллион доллари ИМА таъмин намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.