ИМА баҳри таҳкими марз ба Тоҷикистон 7 млн. $ маблағи иловагӣ ҷудо мекунад

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Ислоҳоти №11 ба Созишномаи байни Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқро ба имзо расониданд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳукумати ИМА тавассути пешниходи барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот, инфрасохтор […]

Asia-Plus

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Ислоҳоти №11 ба Созишномаи байни Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқро ба имзо расониданд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳукумати ИМА тавассути пешниходи барномаҳои омӯзишӣ, таҷҳизот, инфрасохтор ва коршиносӣ барои тақвияти амнияти марзҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон беш аз 7 миллион доллари ИМА таъмин мекунад.

Кӯмаки мазкур ба иҷроиши раванди ислоҳоти милиса ва татбиқи Стратегияи миллии марзбонии Ҳукумати Тоҷикистон мусоидат мекунад. Он инчунин аз кӯшишҳои Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва барои муассисаҳои соҳаи адлияи кишвар омӯзиш доир менамояд ва кӯмаки ташкилотӣ мерасонад.   Бо кӯмаки созмонҳои ғайриҳукуматии маҳалливу байналмиллалӣ он дастгирии кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон идома медиҳад.

Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои соҳаи адлияро дастгирӣ намояд ва мунтазири давомдиҳии ҳамкории зич баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштараки оянда мебошад.  Бо кӯмаки мазкур Барномаи Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба мардуми Тоҷикистон аз соли 2003 барои дастгирии соҳаҳои амният ва адлия беш аз 41 миллион доллари ИМА таъмин намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.