Идомаи ҷаласаи додгоҳии хабарнигори Би-Би-Сӣ

Имрӯз дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома ёфт. Дар ҷаласа баёноти шоҳидон, ки чаҳор нафарашон барои узвият ба созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд, шунида шуданд. Ҳамаи онҳо баёнот доданд, ки Усмоновро ҷонибдори созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» намешуморанд ва аз узвияти ӯ чизе нашунидаанду аз корҳои таблиғотии […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов идома ёфт.

Дар ҷаласа баёноти шоҳидон, ки чаҳор нафарашон барои узвият ба созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд, шунида шуданд.

Ҳамаи онҳо баёнот доданд, ки Усмоновро ҷонибдори созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» намешуморанд ва аз узвияти ӯ чизе нашунидаанду аз корҳои таблиғотии Усмонов оид ба паҳн кардани афкори ҳизб тавассути Би-Би-Сӣ хабаре надоранд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ дар бинои додгоҳи вилоятӣ рӯзи 23-юми август доир мегардад. Адвокати журналист Файзинисо Воҳидова аз раиси додгоҳ дархост кард, ки ба ҷаласа муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, ки бевосита ин парвандаро баррасӣ кардааст ва корманди ин мақомот, ки бевосита дар боздошти журналист иштирок кардааст, даъват карда шаванд.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорони дафтари маскавии Би-Би-Сӣ, намояндагони Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» ширкат доранд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 13-уми июни соли ҷорӣ Усмонов ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Пас аз як моҳ хабарнигор бо шарти тарк накардани қламрави маҳалли зист озод карда шуд. Би-Би-Сӣ бар ин назар аст, ки айбҳои нисбати Ӯрунбой Усмонов пешниҳодшуда бепоя буда, ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.