Бақияи қарзи бонкҳои ҷумҳурӣ беш аз 926 млн. $-ро ташкил дод

Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 августи соли равон маблағи 4,4 млрд. Сомонӣ (беш аз 926 млн. $) -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,7 фоиз афзуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, азҷумла, дар  таркиби бақияи ҳаҷми қарзҳо 66,8 фоиз  ё 2,9 млрд. сомонӣ […]

Asia-Plus


Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба санаи 1 августи соли равон маблағи 4,4 млрд. Сомонӣ (беш аз 926 млн. $) -ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,7 фоиз афзуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, азҷумла, дар  таркиби бақияи ҳаҷми қарзҳо 66,8 фоиз  ё 2,9 млрд. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 33,2 фоиз ё 1,5 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 22,69 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 22,00 фоизи солона баробар шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,8 ва 2,0 банди фоизӣ кам мебошанд.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 1,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳафт моҳи соли гузашта 38,9 фоиз зиёд аст. Аз ин ҳисоб 318,1 млн. сомонӣ дар шакли қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.