Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Тоҷикистону Қирғизистонро боз кард

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол рафт. Тавре аз хадамоти матботи сарвари давлат иттилоъ доданд, бо иштироки президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон […]

Asia-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол рафт.

Тавре аз хадамоти матботи сарвари давлат иттилоъ доданд, бо иштироки президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – сарҳади Қирғизистон баргузор гардид. Хотиррасон гардид, ки навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон соли 2005 оғоз ёфта, имрӯз ба охир расид. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии он 350 км буда, барои тармиму навсозияш 177 миллион доллари амрикоӣ ё худ 840 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки ин маблағҳо аз ҳисоби бюҷети давлатӣ ва Бонки осиёгии рушд ҷудо карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки бо дастгирии молиявии Бонки осиёгии рушд роҳи 20 километраи шаҳраки Ғарм – шаҳраки Навобод бо харҷи қариб 3 миллион доллари амрикоӣ то охири соли оянда тармиму навсозӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи 38 километраи Оби Гарм – Нуробод низ мавриди навсозӣ қарор хоҳад гирифт.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар назди Филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави таълимӣ ва бинои толори варзишӣ оғоз бахшид.

Дар маркази ноҳияи Рашт Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод. Ҳамчунин сарвари давлат дар маросими хатнасури беш аз 100 нафар писарчаҳои бесаробон ва оилаҳои камбизоат иштирок карда, ба ҳар яки онҳо тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.