Хизматчии пойгоҳи низомии Русия ба гуноҳаш иқрор шуд

Дар додгоҳи ноҳияи Бохтари минтақаи шимоли ҷумҳурӣи баррасии парвандаи ҷиноии хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия оғоз гардид. Гордеев дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 212, қисми 4-и КҶ ҶТ пешбинишуда (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) айбдор карда мешавад. Дар таърихи […]

Сайраҳмон Назриев


Дар додгоҳи ноҳияи Бохтари минтақаи шимоли ҷумҳурӣи баррасии парвандаи ҷиноии хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия оғоз гардид.

Гордеев дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 212, қисми 4-и КҶ ҶТ пешбинишуда (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) айбдор карда мешавад.

Дар таърихи 21-уми январи соли 2011 Игор Гордеев ҳангоми ҳаракат бо автомобили тамғаи «КАМАЗ»дар ҳайати қатори мошинҳо аз Кӯлоб ба самти Душанбе ба маҳалли қароргоҳ дар километри 26-уми роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Душанбе, дар қаламрави рустои Эргаши ҷамоати «Бӯстон Қалъа»-и ноҳияи Бохтар бидуни сабабе ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Daewoo Sielo» бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд мусофирони автомашинаи сабукрав Шозодамо Юсуфоваи 64-сола, Гулнигор Абдухолиқоваи 25-сола ва Омина Эшқувватоваи 2-сола дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расида буданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи додгоҳӣ хизматчии ҳарбӣ пурра ба гуноҳи худ иқрор шуд. «Ман амали содиркрдаамро дарк карда, оз он пушаймонам», – гуфт айбдоршаванда.

Ба гуфтаи адвокат Сергей Романов, ки аз манфиатҳои ҷабрдида Абдулазиз Эшқувватов ҳимоя мекунад, «дар ҷараёни ҷаласаи минбаъдаи ба санаи 7-уми сентябр таъиншуда шоҳидони ҷониби ҷабрдида ва намояндагони пойгоҳи 201-уми низомии Русия бозпурсӣ карда мешаванд». Дар шарҳи масъалаи ба гуноҳи худ иқрор шудани Гордеев, адвокат қайд кард, ки он ба Қонуни чанде қабл қабулшудаи ҶТ «Дар бораи афв» марбут аст, зеро мутобиқи он, хизматчии ҳарбӣ мавриди афв қарор мегирад.

Дар ин ҳодиса ҷабрдидаАбдулазиз Эшқувватов модару ҳамсар ва духтарчаашро талаф дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.