Ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатӣ дар Душанбе

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Баландии муҷассама 45 метр ва паҳнойии он 5 метрро ташкил медиҳад. Ба оғози сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли гузашта президенти мамлакат ҳусни оғоз бахшида буд. Муҷассамаи Нишони давлатии […]

Asia-Plus

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Баландии муҷассама 45 метр ва паҳнойии он 5 метрро ташкил медиҳад. Ба оғози сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли гузашта президенти мамлакат ҳусни оғоз бахшида буд.

Муҷассамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе дар паҳлӯи чапи Кохи Миллат қомат барафрохт. Дар паҳлӯи рости Кохи Миллат поягоҳи баландтарини 165-метра дар дунё бо парчами миллӣ бунёд гардид, ки маросими расмии ифтитоҳи он ахири моҳи равон баргузор мешавад.

Ахири моҳи майи соли равон амали санҷиши техникии бардоштани поягоҳи парчами миллӣ сурат гирифт. Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.

Қабл аз ин поягоҳи баландтарини парчами миллӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку гузошта шуда буд, ки 162 метр баландӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.