Намоиши идонаи сокинони шаҳри Хуҷанд

Рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба ҷуз гузашти низомӣ, намоиши идонаи сокинони вилоят низ баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Набӣ Ҷӯраев хабар дод, дар намоиши идона кормандони бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои саноату тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва […]

Бахтиёр Валиев


Рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба ҷуз гузашти низомӣ, намоиши идонаи сокинони вилоят низ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Набӣ Ҷӯраев хабар дод, дар намоиши идона кормандони бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои саноату тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва сокинони шаҳр ширкат хоҳанд варзид.

Ҳар як қатори намояндагони намоиш ба лавҳаву шиор ва парчамҳо зеб дода хоҳад шуд. Кормандони бахши фарҳанги вилоятро 220 нафар кормандони осорхонаву театр ва мусиқачиёну ҳунармандон намояндагӣ хоҳанд кард. Онҳо ба намоиш бо сарулибоси театрӣ ва асбобҳои мусиқӣ ҳозир хоҳанд шуд.

Намоиши ҷашнии мазкур яке аз чорабиниҳои бузургтарини идона тайи солҳои ахир буда, он дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев баргузор мешавад.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд шурӯъ аз 6-уми сентябр ба таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ шурӯъ карда мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.