Ташрифи шоҳзода Амин Оғохон ба Душанбе

Рӯзи 27-уми август шоҳзода Амин Оғохон бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Интизор меравад, ки шоҳзода бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон шинос шуда, бо як қатор шахсони расмии ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом хоҳад дод. Ёдрас мекунем, ки 16-уми август пули чаҳорум миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди истифода қарор гирифт, […]

Asia-Plus


Рӯзи 27-уми август шоҳзода Амин Оғохон бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Интизор меравад, ки шоҳзода бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Тоҷикистон шинос шуда, бо як қатор шахсони расмии ҷумҳурӣ гуфтушунид анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми август пули чаҳорум миёни Тоҷикистону Афғонистон мавриди истифода қарор гирифт, ки маблағгузории онро низ Бунёди Оғохон ба дӯш гирифт. Дарозии пул 216 метр ва иқтидори борбардориаш 30 тонна аст.

Пули нав ба зиёда аз 70 ҳазор нафар аҳолии ҳарду ҷониб барои машғул гардидан ба тиҷорати наздисарҳадӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Минбаъд дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон бозору гузаргоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ бунёд мегарданд.

Шоҳзода Амин Огохон узви раёсати Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ва раиси кумитаи иҷроияи он мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.