Ташрифи як ҳайати низомии Британияи Кабир ба Тоҷикистон

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Рӯзҳои 23-24 август ҳайати Британияи Кабир бо роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои мусаллаҳи Британия (амалиётҳои таъминотӣ) Витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоӣ Граҳам Ҳовард ба Тоҷикистон ташриф овард.  Ҳайат, ки онро сафири Британия Кабир Тревор Мур ҳамроҳӣ намуд, бо сардори Штаби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ […]

Asia-Plus

Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Рӯзҳои 23-24 август ҳайати Британияи Кабир бо роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои мусаллаҳи Британия (амалиётҳои таъминотӣ) Витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоӣ Граҳам Ҳовард ба Тоҷикистон ташриф овард.  Ҳайат, ки онро сафири Британия Кабир Тревор Мур ҳамроҳӣ намуд, бо сардори Штаби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов вохӯрӣ намуд.

Тавре аз бахши робита бо матбуоти сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади ташрифи ҳайат ин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳукуматҳои Британия Кабир ва Тоҷикистон дар самти низомӣ ва сиёсӣ буд.

«Ҳангоми вохӯриҳо масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунон фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Британия дар ин кишвар баъди соли 2015-ум, вақте ки шумораи ками қувваҳои низомӣ боқӣ мемонанд, то ки шарикони Афғони хешро омӯзонанд ва раҳнамоӣ кунанд, низ муҳокима гардид», – гуфтанд дар сафорат.

Ба иттилои манбаъ, сасъалаи вазъи минтақа ва зарурияти ҳамкории зичи Ҳукумати Британия Кабир ва Тоҷикистон баҳри кӯмак ба Афғонистон низ мавриди сӯҳбат қарор гирифт.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо зарурияти муҳим будани раванди истиқрори сулҳи Афғонистонро барои Тоҷикистон ва саҳми қувваҳои иттилофи зидди террористиро дар ин раванд қайд намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.