Вазорати корҳои хориҷӣ китоберо бахшида ба 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонид.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, да ифтихори 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расид.
Дар китоби мазкур раванд ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишвар бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон, ҳамкории пурмаҳсули он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ – СММ, САҲА, СКИ, СҲИ, СААД, ИДМ, СҲШ ва дигарон инъикос ёфтаанд.
Ҳамзамон, бахшҳои алоҳидаи китоб чунин бобҳоеро ба монанди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳамкориҳои иқтисодии он бо мамлакатҳои гуногуни олам ва созмонҳои байналмилалӣ, музокироти сулҳи тоҷиконро дар бар мегирад.
Китоб аз сарсухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Ӯ авлавиятнокии сиёсати хориҷиро ҳамчун яке аз самтҳои сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид сохта, бо қаноатмандӣ қайд менамояд, ки дар ин самти муҳим дар давраи бистсолаи таърихи давлатдории муосир корҳои зиёде ба анҷом расидаанд, ташаббусу иқдомҳои сершуморе ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод карда шудаанд. Сардори давлат ҳамчунин боварӣ иброз медорад, ки сохторҳои марбутаи татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ ва дипломатҳои тоҷик минбаъд дар иҷрои вазифаҳои худ, ҳифзи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Дар мақолаи Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷии давлати тозаистиқлол» қайд карда шудааст, ки бо эътироф гардидан дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати соҳибистиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти дохилӣ тадриҷан таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба ҳалли масъалаҳои ба монанди таъмини амният ва суботи ҷаҳон, ҳифзи муҳити зист, бартарафсозии монеаҳои рушди иқтисод ва дигар самтҳои ҳаёти умумибашарӣ ҷалб намуд.
Дар китоб хонандагон маълумотро оид ба ҳодисаҳои муҳими сиёсати хориҷии давлат, рӯйхати кишварҳое, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф кардаанд ва кишварҳое, ки бо ҷумҳурӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаанд, созмонҳои байналмилалие, ки давлати мо узви онҳост ва рӯйхати намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа дарёфт карда метавонанд.
Тамоми бобҳои китоб дорои аҳамияти хос ва маълумоти мавриди таваҷҷӯҳи доираи васеи хонандагон мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дар китоб аксҳои сершумори инъикоскунандаи ҳодисоту воқеоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷой гирифтаанд.


