Боздошти мусофири дар меъдааш 700 грамм героин

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз як кӯшиши ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и агентии мазкур хабар доданд, дар фурудгоҳи пойтахт зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав […]

Аваз Юлдошев


Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз як кӯшиши ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и агентии мазкур хабар доданд, дар фурудгоҳи пойтахт зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба хориҷи кишвар шаҳрванди қаблан маҳкумшуда, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз дар озмоишгоҳ аз меъдаи ӯ 133 бастаи селлофании дорои беш аз 700 грамм героин берун оварда шудааст.

Гуфта мешавад, аз- рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, боздоштшуда дар тавқифгоҳи агентӣ нигоҳдорӣ мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.