Таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистн дар Анқара

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯъи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳои он» дар Китобхонаи Миллии ш. Анқара баргузор намуд.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш зиёда […]

Asia-Plus




Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯъи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастовардҳои он» дар Китобхонаи Миллии ш. Анқара баргузор намуд. 


Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш зиёда аз 100 меҳмонон, аз он ҷумла олимон, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Туркия, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ВАО, соҳибкорон ва донишҷӯёни тоҷику хориҷӣ иштирок варзиданд.

Конфронсро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов, олими маъруфи Туркия дар соҳаи забон ва адабиёти форсӣ, профессори Донишгоҳи Анкара доктор Саадетин Коҷатурк ва Раиси Китобхонаи Миллии Ҷумҳурии Туркия Тунҷел Ачар ифтитоҳ намуданд. 

Дар ҷараёни Конфронс, Сардори Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Туркия доир ба ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Озгур Шахин, Раиси китобхонаи Миллии Туркия Тунчел Аҷар, Мудири Куллии Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи миллии Ҷумҳурии Туркия Хасан Каплан, мушовири ТИКА – Идораи давлатии Ҷумҳурии Туркия доир ба рушди байналмилалӣ Нури Аксу, олимони маъруфи Туркия дар соҳаи забон ва адабиёти форсӣ ва таърих, профессорони Донишгоҳи Анкара доктор Саадетин Коҷатурк ва доктор Илхам Ердер, координатори Шӯрои Бозаргонии Туркия ва Тоҷикистон “ДЕИК” Махмур Ер, намояндаи ташкилоти “ТУСКОН” Шахин Элги, намояндаи “Шалола” Ахмед Ипек, коршиноси ташкилоти байналмилалии ФАО Хафиз Муминҷонов, тадқиқотчии ташкилоти байналмилалӣ доир ба тадқиқотҳои стратегӣ “УСАК” Гулай Килич ва дигарон доир ба таъриху тамаддуми мардуми шарифи тоҷик баромад карда, роҷеъ ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ки тайи солҳои Истиқлолият ноил гаштааст, суханронӣ намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.