Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Русия рафт

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба вилояти Астрахани Русия рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти вазорат Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар вилояти Астрахани Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ҷараёни марҳилаи севуми тамринҳои низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифоъи ҳавоии ИДМ таҳти унвони «Боевое Содружество-2011» мушоҳида хоҳад кард. Машқҳо имрӯз бо анҷоми тирпарронии ҳ рбӣ […]

Аваз Юлдошев


Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба вилояти Астрахани Русия рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти вазорат Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар вилояти Астрахани Русия вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ҷараёни марҳилаи севуми тамринҳои низоми муттаҳидаи нерӯҳои дифоъи ҳавоии ИДМ таҳти унвони «Боевое Содружество-2011» мушоҳида хоҳад кард.

Машқҳо имрӯз бо анҷоми тирпарронии ҳ рбӣ дар тамрингоҳи Ашулук ба итмом хоҳанд расид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар машқҳои мазкур ду гурӯҳи ҷангии нерӯҳои дифоъи ҳавоии Тоҷикистон иширок мекунанд.

«Тамринҳои мазкур иштироки муштараки қисмҳои низомии дифоъи ҳавоии Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистонро зимни муқобилат ба амали террористӣ дар даргирии мусаллаҳонаи наздимарзӣ пешбинӣ мекунанд», – афзуд Ф. Маҳмадалиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.