Таҷлили Рӯзи байнулмилалии нобиноён дар Душанбе

Date:


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи байнулмилии Асои сафед ё худ Рӯзи ҷаҳонии нобиноён ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев хабар дод, дар ҷамъияти мазкур бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқоти шоҳмоту шашка миёни занону мардони нобино доир мегардад. Дар нимаи рӯз чорабинии тантанавӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳудуди 250 нафар нобиноён ва намояндагони Вазорати меҳнату мақомоти шаҳрдории пойтахт ширкат меварзанд. Баъдтар бо иштироки шахсони нобино барномаи консертӣ намоиш дода мешавад.

Тенгниев зикр кард, ки ба ҳар кадоме аз маъюбони нобинои ҳузурдошта мукофоти пулӣ супурда хоҳад шуд.

Чрабиниҳои мазкур бо дастгирии ширкати «Лото-Спорт», ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва оператори алоқаи мобилии тоҷикистон «Вавилон-Мобайл» созмон дода мешаванд.

«Тамоми шахсоне, ки хоҳиши ба қишри осебпазири ҷомеа кӯмак карданро доранд, метавонанд ба чорабинии мо бо суроғаи кӯчаи Карамов 205 ташриф оранд ё бо телефонҳои +(992) 918 65 52 87 занг зананд», – афзуд Холмаҳмад Тенгниев.

Айни замон дар Тоҷикистон расман 9 ҳазору 832 нафар нобиноён ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯзи байнулмилалии Асои Сафед бо ташаббуси Федератсияи байнулмилалии нобиноён 15-уми октябри соли 1969 дар ИМА қабул шуд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...