Таҷлили Рӯзи байнулмилалии нобиноён дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи байнулмилии Асои сафед ё худ Рӯзи ҷаҳонии нобиноён ҷашн гирифта мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев хабар дод, дар ҷамъияти мазкур бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқоти шоҳмоту шашка миёни занону мардони нобино доир мегардад. Дар нимаи рӯз чорабинии тантанавӣ […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи байнулмилии Асои сафед ё худ Рӯзи ҷаҳонии нобиноён ҷашн гирифта мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҷамъияти нобиноёни шаҳри Душанбе Холмаҳмад Тенгниев хабар дод, дар ҷамъияти мазкур бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқоти шоҳмоту шашка миёни занону мардони нобино доир мегардад. Дар нимаи рӯз чорабинии тантанавӣ баргузор мешавад, ки дар он ҳудуди 250 нафар нобиноён ва намояндагони Вазорати меҳнату мақомоти шаҳрдории пойтахт ширкат меварзанд. Баъдтар бо иштироки шахсони нобино барномаи консертӣ намоиш дода мешавад.

Тенгниев зикр кард, ки ба ҳар кадоме аз маъюбони нобинои ҳузурдошта мукофоти пулӣ супурда хоҳад шуд.

Чрабиниҳои мазкур бо дастгирии ширкати «Лото-Спорт», ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва оператори алоқаи мобилии тоҷикистон «Вавилон-Мобайл» созмон дода мешаванд.

«Тамоми шахсоне, ки хоҳиши ба қишри осебпазири ҷомеа кӯмак карданро доранд, метавонанд ба чорабинии мо бо суроғаи кӯчаи Карамов 205 ташриф оранд ё бо телефонҳои +(992) 918 65 52 87 занг зананд», – афзуд Холмаҳмад Тенгниев.

Айни замон дар Тоҷикистон расман 9 ҳазору 832 нафар нобиноён ба қайд гирифта шудаанд.

Рӯзи байнулмилалии Асои Сафед бо ташаббуси Федератсияи байнулмилалии нобиноён 15-уми октябри соли 1969 дар ИМА қабул шуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.