Сокини ноҳияи Восеъ дар марги писараш табибро гунаҳкор медонад

Date:


Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ нисбат ба мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия Намозалӣ Соҳибов тибқи моддаи 129-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Табиб дар номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хидматии худ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод,  аризаи шикоятии сокини ҳамин ноҳия Ҳаким Миралиеви 51-сола ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ боис шуд.

«Миралиев мегӯяд, писари 13-солаи ӯ Давлатшо, ки аз кафи пояш ҷароҳат бардошта буд, бинобар ёрии таъҷилии тиббӣ нарасонидани та биб ба ҳалокат расидааст, – гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ. – Ба гуфтаи падари Давлатшо, табиб ҳатто ба ҷойи захмхӯрда йод ҳам намолидааст».

Дар сурати исботи гуноҳи табиб, ба ӯ аз панҷ то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ ва манъи машғул шудан ба табобат ба муддати то панҷ сол таҳдид мекунад. Айни замон аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...