Тоҷикистон ба кишварҳои ОМ «иқтисоди сабз» пешниҳод мекунад

Date:


Дар ҷараёни баргузории конференсияи омодагӣ «Ба пешвози конференсияи СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» дар шаҳри Душанбе муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон изҳор кард, ки Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи обро дастгирӣ мекунад.

«Тайи даҳсолаи ахир бо назардошти рушди иқтисод ва афзоиши шумори аҳолӣ мушкилоти таъминот бо об ҳарчи бештар эҳсос гардида, таъсири тағйири иқлим ба захираҳои обӣ ва коҳиши минбаъдаи захираҳои он ин мушкилотро боз ҳам печидатар месозад», – гуфт вай.

М. Алимардон зикр кард, ки ҷомеаи чаҳонӣ ин мушкилотро ҳамеша таҳти назорат қарор дорад ва ҷиҳати беҳбуди вазъ дар ин соҳа чораҳои амалӣ меандешад.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти мазкур як қатор иқдом пешниҳод кард, ки аксари кишварҳои дунё аз он пуштибонӣ намуданд. Моҳи декабри соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаъи кулли СММ соли 2013-ро Соли байнулмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон кард.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар ҳалли мушкилоти истифодаи захираҳои обӣ таҳкими муколамаву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкориҳои шарикӣ нақши муҳим дорад.

«Бинобар ҷой надоштани ҳамкориҳои судманд дар ин соҳа аксари мушкилот ҳалношуда боқӣ монда, дар ниҳояти кор ҳамаи ин ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои дорои ҳавзаи умумии обӣ таъсири манфӣ мерасонад», – иброз дошт М. Алимардон.

Ба андешаи М. Алимардон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об метавонад ба инкишофи «иқтисоди сабз» саҳми босазо гузорад, ки ба раҳо ёфтани рушди иқтисод аз нафту газ ва ангишт ва истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия асос ёфтааст.

«Бахусус ин вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баръало ба мушоҳида мерасад. Дар ин минтақа кишварҳои болооб – Тоҷикистону Қирғизистон аз захоири ғании обӣ бархӯрдоранд, ки 80%-и сатҳи ҷоришавии баҳри Аралро ташкил медиҳанд. Кишварҳои поёноб – Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дорои сарчашмаҳои бузурги захирафи нафту газанд. Аз ин рӯ, барои кишварҳои болооб сарчашмаи асосии истеҳсоли энергия гидроэнергетика буда, барои кишварҳои поёноби минтақа нафту газ ва ангишт аст», – изҳор кард М. Алимардон.

Ба қавли М. Алимардон, дар минтақа имконоти бузурги гидроэнергетикӣ мавҷуд аст, ки захираҳои он танҳо дар Тоҷикистон ба андозаи се баробар аз эҳтиёҷоти минтақа зиёданд. «Айни замон ин имконот дар ҳаҷми 527 млрд. кВт/соат ҳамагӣ ба андозаи 3-4% истифода мешавад ва азхудкунии минбаъдаи он на танҳо ба коҳиши ҳаҷми партовҳо ба фазо, балки ба сарфаи нафту газ ва ангишт ба таври назаррас низ имкон фароҳам месозад», – гуфт номбурда.

М. Алимардон ҳамчунин гуфт, рушди ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об метавонад барои истифодаи хубтари сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия заминаи боэътимод гузорад, ки яке аз таркибҳои асосии «иқтисоди сабз» ба шумор меравад.

«Ҳарчанд Тоҷикистон дорои захираҳои ғании обӣ бошад ҳам, мушкилоти коҳиши об дар ҷаҳонро нодида намегирад ва ҳамаҷониба кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳон дар масъалаи рушди ҳамкорӣ оид ба об дар сатҳи минтақавӣ ва глобалиро дастгирӣ менамояд», – афзуд М. Алимардон.

Ёдрас мекунем, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ Конференсияи омодагӣ «Ба пешвози конференсияи СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба кор шурӯъ кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...