Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо раиси шаҳри Табрез

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси шаҳри Табрези Эрон Алиризои Навинро ба ҳузур пазируфт. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Табрез дар Тоҷикистон гузашта истодаанд ва шоми имрӯз дар назди Театри академии опера ва балети Тоҷикистон намоишномаи театрии «Шоми Табрез» доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони […]

Аваз Юлдошев


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси шаҳри Табрези Эрон Алиризои Навинро ба ҳузур пазируфт.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Табрез дар Тоҷикистон гузашта истодаанд ва шоми имрӯз дар назди Театри академии опера ва балети Тоҷикистон намоишномаи театрии «Шоми Табрез» доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони чумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров таъкид сохт, ки рушди ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Эрон метавонад ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Эрон таъсири назаррас расонад.

«Арбобони фарҳангу адаби ду кишвар имрӯз метавонанд ба риояи анъанаҳои муҳити ягонаи фарҳангии ҳарду кишвар, ки тӯли ҳазорсолаҳо бо ҳам пайванданд, идома бахшанд», – гуфтааст Зуҳуров.

Дар навбати худ, раиси шаҳри Табрез, ки дар он ҷо оромгоҳи шоири машҳури тоҷик Камоли Хуҷандӣ маҳфуз аст, зикр кард, ки барои роҳандозии муносибати ҳамкории судманд миёни корхонаҳои саноатӣ, тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону шаҳри Табрез тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.

Табрез аз ҷиҳати бузургӣ чаҳорумин шаҳри Эрон буда, ҳудуди 2 млн. нафар аҳолӣ дорад ва маркази маъмурии музофоти Озарбойҷони Ғарбии Эрон ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?