Дар шимоли Тоҷикистон нахустин маркази бозомӯзии адвокатҳо ифтитоҳ мегардад

Дар шаҳри Хуҷанд Маркази нахустини такмили ихтисоси адвокатҳо дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд Моҳира Усмонова хабар дод, айни замон дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсус ё маркази такмили ихтисоси адвокатҳо мавҷуд нест ва ин нахустин маркази омӯзишӣ барои адвокатҳо дар Тоҷикистон мебошад. «Қаблан барномаҳои кӯтоҳмуддати ҷудогона баргузор […]

Бахтиёр Валиев


Дар шаҳри Хуҷанд Маркази нахустини такмили ихтисоси адвокатҳо дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд Моҳира Усмонова хабар дод, айни замон дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсус ё маркази такмили ихтисоси адвокатҳо мавҷуд нест ва ин нахустин маркази омӯзишӣ барои адвокатҳо дар Тоҷикистон мебошад. «Қаблан барномаҳои кӯтоҳмуддати ҷудогона баргузор мешуданд, вале он мураттаб набуд. Барои мо бошад, маркази омӯзиши муттасил зарур аст», – гуфт Усмонова.

Маҳз барои ҳамин, ба қавли ӯ, дар ҳамдастӣ бо Марказ оид ба ҳуқуқи инсон адешаи ифтитоҳи Марказ барои омӯзиши адвокатҳо рӯйи кор омад.

«Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо семинарҳо гузаронида мешаванд ва сипас сатҳи нави омӯзиш роҳандозӣ мешавад, зеро донистани таҷрибаи байнулмилалӣ, меъёрҳои қонунгузории миллӣ барои кори адвокатҳо хеле меҳуим аст», – мегӯяд Усмонова.

Баргузории силсилаи аввали семинарҳо дар моҳи ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. «Ахиран қонунҳои нави зиёде, аз ҷумла Кодекси нави мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ, Кодекси мурофиавӣ-граждании ҶТ ва ғайра қабул шуданд. Қонунгузорӣ дар ҳоли тағйир аст ва аз ин тағйирот адвокатҳо бояд ҳамеша огоҳ бошанд, – чунин мешуморад раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд. — Минбаъд мо ҷиҳати ҷалби созмонҳои байнулмилалӣ ба кори марказ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки омӯзиш дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад».

Ба савол дар бораи шумори умумии адвоктҳо дар ҷумҳурӣ М.Усмонова гуфт, дар ин бора маълумот надорад, зеро дар ин хусус маълумот ё рӯйхати ягонаи адвокатҳо вуҷуд надорад. «Шумори умумии ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд аз 147 нафар адвоатҳо иборат аст», – афзуд М.Усмонова. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.