Сафари ногаҳонии котиби давлатии ИМА ба Афғонистон

Date:


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Афғонистон ташриф овард.

Хабрагузории Лента.ру бо истинод ба Agence France-Presse иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои ӯ рӯзи 19-уми октябр, соати 21:15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба шаҳри Кобул фуруд омадааст.

Як манбаъ аз Департаменти давлатии ИМА ба AFP хабар додаст, ки дар барномаи сафари Клинтон ба Афғонистон гуфтушуниди ӯ бо президени Афғонистон Ҳомид Карзай дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслии сафар дарёфти воситаҳои «танзими диломатӣ»-и вазъ дар Афғонистон аст, ки Клинтон зарурати онро қаблан изҳор карда буд.

Клинтон ба Афғонистон пас аз як моҳи марги собиқ президенти ин кишвар, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ омад. Бурҳониддин Раббонӣ масъули баргузории гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии ҳаракати «Толибон» буд.

Пас аз марги Раббонӣ гуфтушунидҳо бо ҳаракати «Толибон» қатъ шуданд. Намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфтааст, дар ҷараёни гуфтушуниди Клинтон ва Карзай масъалаи гуфтушунидҳо оид ба сулҳ бо ҳаракати «Толибон» низ баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», интизорӣ меравад, ки пагоҳ Ҳилларӣ Клинтон аз Тоҷикистон боздид намуда, рӯзи 22-юми октябр ба Тошканд меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...