Сафари ногаҳонии котиби давлатии ИМА ба Афғонистон

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Афғонистон ташриф овард. Хабрагузории Лента.ру бо истинод ба Agence France-Presse иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои ӯ рӯзи 19-уми октябр, соати 21:15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба шаҳри Кобул фуруд омадааст. Як манбаъ аз Департаменти давлатии ИМА ба AFP хабар додаст, ки дар барномаи сафари Клинтон ба Афғонистон гуфтушуниди […]

Аваз Юлдошев


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба Афғонистон ташриф овард.

Хабрагузории Лента.ру бо истинод ба Agence France-Presse иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои ӯ рӯзи 19-уми октябр, соати 21:15 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ба шаҳри Кобул фуруд омадааст.

Як манбаъ аз Департаменти давлатии ИМА ба AFP хабар додаст, ки дар барномаи сафари Клинтон ба Афғонистон гуфтушуниди ӯ бо президени Афғонистон Ҳомид Карзай дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслии сафар дарёфти воситаҳои «танзими диломатӣ»-и вазъ дар Афғонистон аст, ки Клинтон зарурати онро қаблан изҳор карда буд.

Клинтон ба Афғонистон пас аз як моҳи марги собиқ президенти ин кишвар, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ омад. Бурҳониддин Раббонӣ масъули баргузории гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии ҳаракати «Толибон» буд.

Пас аз марги Раббонӣ гуфтушунидҳо бо ҳаракати «Толибон» қатъ шуданд. Намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфтааст, дар ҷараёни гуфтушуниди Клинтон ва Карзай масъалаи гуфтушунидҳо оид ба сулҳ бо ҳаракати «Толибон» низ баррасӣ мешавад.

Бино ба маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», интизорӣ меравад, ки пагоҳ Ҳилларӣ Клинтон аз Тоҷикистон боздид намуда, рӯзи 22-юми октябр ба Тошканд меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.