Бонки рушди Авруосиё ба «Тоҷпромбонк» 3 млн. $ маблағ ҷудо кард

Пайрав Чоршанбиев


Бонки рушди Авруосиё рӯзи 27-уми октябр созишномаи қарзӣ бо ҶСП «Тоҷпромбонк» дар бораи маблағгузории барномаи қарздиҳии хурд дар Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Бно ба маълумоти хадамоти матбуоти бонки мазкур, қарз дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА ба мӯҳлати се сол бо якчанд қисм тибқи дархости қарзгир ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, «Тоҷпромбонк» мустақилона корхонаву ширкатҳоро, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ҷиҳати пешниҳоди қарз интихоб хоҳад кард. Қарзҳои аз 1 то 50 ҳазор доллари ИМА ба муддати то 36 моҳ ихтисос дода мешаванд.

«Амалисозии лоиҳаи мазкур миёни БРАО ва «Тоҷпромбонк» ба муҳайё сохтани шароити мусоид барои рушду устувори тиҷорати хурд дар Тоҷикистон, густариши муҳити рақобатпазирӣ ва мутаносибан афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, зиёд шудани номгӯи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳбуди сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, аз ҳисоби дастгирии тиҷорати хурд натиҷаи назарраси рушди иқтисоди бозаргонии ҷумҳурӣ ба даст оварда мешавад», – чунин мешуморанд дар БРАО.

Соли 2010 БРАО ба «Тоҷпромбонк» барои амалисозии барномаи қарздиҳии хурд ба мӯҳлати 1 сол дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА қарз ҷудо карда буд. Дар чаҳорчӯби ин қарз «Тоҷпромбонк» бо иловаи 1,8 млн. доллари ИМА аз захираҳои худ дар ҳаҷми умумии 4,8 млн. доллари ИМА беш аз 1 ҳазору 900 адад қарзҳои хурд ҷудо намуд. Моҳи сентябри соли равон ин қарз пурра пардохт гардид.

Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт. Дар таърихи 1-уми декабри соли 2008 Шӯрои Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистону Белорус ва Арманистонро ба узвият пазируфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.