Таҳияи барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 таҳия гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Музафар Азизов хабар дод, барномаи мазкур бо супориши ҳукумати кишвар тайёр карда шудааст. «Дар чаҳорчӯби барнома беш аз 35 адад ёдгориҳои бостоншиносиву меъмории воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар Тоҷикистон барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 таҳия гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Музафар Азизов хабар дод, барномаи мазкур бо супориши ҳукумати кишвар тайёр карда шудааст.

«Дар чаҳорчӯби барнома беш аз 35 адад ёдгориҳои бостоншиносиву меъмории воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон таъмиру аз нобудшавӣ эмин ва эҳё мегарданд», – гуфт Азизов.

Ба қавли номбурда, барои амалисозии барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои сармоягузорӣ дар ҳаҷми 50 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад. «Айни замон барнома дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор дошта, ояндаи наздик тасдиқ мегардад», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз нимаи солҳои навадуми асри гузашта дар Тоҷикистон тадриҷан муҷассамаҳои даврони шӯравӣ барканда шуда, ба ивази онҳо муҷассамаҳои фарзандони барӯманди миллат қомат афрохтанд. Мавриди зикр аст, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Хоруғ муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Ленин барканда шуда, ҷойи онро муҷассамаи асосгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.