Таваҷҷуҳи соҳибкорони туркӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон “Ҳамкорӣ ва амният дар қалби Осиё” дар ш.Истамбули Туркия қарор дорад, бо соҳибкорони бонуфузи Туркия – аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни “TUSKON” мулоқот доир намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот Ҳ. Зарифӣ оид ба ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, ҳозиринро ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати сабук, кишоварзӣ ва бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот, алюминӣ, сангҳои мармару хоро, нафту газ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ (меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва ғайра), сохтани корхонаҳои истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмонӣ, лоиҳаи муҳими минтақавӣ CASA-1000 ва санадҳои қонунгузории ҶТ дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ шинос намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, иштирок дар озмунҳои кушодаи байналмилалӣ, масъалаҳои андоз ва гумрук барои воридоти молҳои саноатӣ, тартиби иҷора ё фурӯши замин, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иншоотҳои фароғатӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони турк ба Вазир хабар доданд, ки дар охири моҳи ноябри соли 2011 ҷиҳати шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ ва хӯрока иштирок намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.