Таваҷҷуҳи соҳибкорони туркӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон “Ҳамкорӣ ва амният дар қалби Осиё” дар ш.Истамбули Туркия қарор дорад, бо соҳибкорони бонуфузи Туркия – аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни “TUSKON” мулоқот доир намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон “Ҳамкорӣ ва амният дар қалби Осиё” дар ш.Истамбули Туркия қарор дорад, бо соҳибкорони бонуфузи Туркия – аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни “TUSKON” мулоқот доир намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот Ҳ. Зарифӣ оид ба ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, ҳозиринро ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати сабук, кишоварзӣ ва бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот, алюминӣ, сангҳои мармару хоро, нафту газ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ (меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва ғайра), сохтани корхонаҳои истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмонӣ, лоиҳаи муҳими минтақавӣ CASA-1000 ва санадҳои қонунгузории ҶТ дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ шинос намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, иштирок дар озмунҳои кушодаи байналмилалӣ, масъалаҳои андоз ва гумрук барои воридоти молҳои саноатӣ, тартиби иҷора ё фурӯши замин, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иншоотҳои фароғатӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони турк ба Вазир хабар доданд, ки дар охири моҳи ноябри соли 2011 ҷиҳати шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ ва хӯрока иштирок намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.