Мусоидати Олмон ҷиҳати узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат

Дар чаҳорчӯби сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Истамбул мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Гидо Вестервелле баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба ақидаи ягона […]

ASIA-Plus


Дар чаҳорчӯби сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Истамбул мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Гидо Вестервелле баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба ақидаи ягона омаданд, ки иқтидори мавҷуда барои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Олмон то охир истифода нашудааст, аз ин лиҳоз ҷаҳду талош баҳри ҳамкории бештар судманди миёни ду кишвар зарур аст.

 Қайд карда шуд, ки барои такон бахшидан ба муносиботи дуҷониба дар оянда боздидҳои ҳайатҳо дар сатҳи баланд ба Тоҷикистон ва Олмон сурат хоҳанд гирифт.

 Мусоҳибон ба ҳамкории ҳарду кишвар дар ҳошияи созмонҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд.

 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ дар бораи омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA), ки моҳи марти соли 2012 дар Душанбе доир мешавад, маълумот дод.

 Дар рафти сӯҳбат вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои Конфронс оид ба Афғонистонро, ки баргузории он оғози моҳи декабри соли равон дар Бонн ба нақша гирифта шудааст, матраҳ намуданд. Дар ин робита, Вазир Ҳ. Зарифӣ дар навбати худ иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар он чорабинии басо муҳим барои минтақа тасдиқ кард.

 Гидо Вестервелле аҳамияти пайвастани Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъкид сохта, ба ҳамсӯҳбати худ итминон дод, ки Олмон ба дохилшавии ҳарчи зудтари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ҳаматарафа мусоидат хоҳад намуд.

 Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои татбиқи лоиҳаи “Шоҳроҳи Нави Абрешим” баррасӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.