ҲСДТ ба анҷумани навбатӣ омодагӣ мегирад

Бо қарори Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Анҷумани навбатии 12-уми ин ҳизб санаи 26-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дод, дар рӯзномаи анҷумани ҳизб баррасии масъалаҳои ҳисоботи Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар давраи аз соли 2007 то соли 2011 ва ҳисоботи комиссияи назоратии ҳизб […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Анҷумани навбатии 12-уми ин ҳизб санаи 26-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров хабар дод, дар рӯзномаи анҷумани ҳизб баррасии масъалаҳои ҳисоботи Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар давраи аз соли 2007 то соли 2011 ва ҳисоботи комиссияи назоратии ҳизб дар назар аст. Ғайр аз ин, дар анҷуман Оинномаи ҳизб дар таҳрири нав баррасӣ ва қабул гардида, дар сохтор ва фаъолияти ҳизб тағйирот ворид мегарданд. Ҳамчунин интихоби ҳайати нави мақомоти раҳбарии ҳизб сурат мегирад.

Вакилони анҷумани ҲСДТ вазифаҳои асосӣ ва барномаи фаъолияти ҳизб дар давраи аз соли 2011 то соли 2015-ро муайян хоҳанд кард.

ҲСДТ дар Вазорати адлияи ҶТ аз санаи 18-уми мари соли 1998 сабти ном шудааст. Шумори аъзои ҲСДТ 7 ҳазору 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲСДТ ҳизби мухолиф ба ҳукумати кунии ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.