Президент мири шаҳри Хуҷандро аз вазифа сабукдӯш кард

Рӯзи сешанбе, 1-уми ноябри соли равон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба фаъолони вилоят раисони тозатаъини шаҳру навоҳиро муаррифӣ кард. Ҳамин тариқ, мутобиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар масъалаи тақсимот ва истифодаи замин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов аз мансаб сабукдӯш гардид.  Акнун иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзи сешанбе, 1-уми ноябри соли равон, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба фаъолони вилоят раисони тозатаъини шаҳру навоҳиро муаррифӣ кард.

Ҳамин тариқ, мутобиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар масъалаи тақсимот ва истифодаи замин раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов аз мансаб сабукдӯш гардид.

 Акнун иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов таъйин шуд.

Раиси шаҳри Қайроққум Раҷаббой Каримов низ аз мансаб сабукдӯш гардида, ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Собиқ муовини аввали раиси шаҳри Қайроққум Худойназар Юлдошев ба мансаби раиси шаҳри Қайроққум таъин хоҳад шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.