Бо фармони вазири умури дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров аз 4-уми ноябри соли равон ва натоиҷи тафтишоти дохилии ВКД ҷумҳурӣ дар робита ба ҳодисаи рухдода дар шӯъбаи мазкур нимаи моҳи гузашта се нафар кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз сафи кормандони милиса ронда шуданд. Ҳодисаи мазкур ба қазияи дар ҳолати вазнин аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Маркази миллии тиббӣ интиқол додани гумонбаршуда ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ Баҳромиддин Шодиев 28-сола рабт дорад. Б.Шодиев пас аз 10 рӯзи ҷарроҳӣ дар шӯъбаи эҳёгарии марказ ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, барои риоя накарадни тартиботи бозпурсӣ кормандони фаврӣ – майори милиса Диловар Муродов, капитани милиса Алишер Иноятов ва муфаттиши масъули тафтиши ҳодисаҳои дуздӣ лейтенанти милиса Абдураҳмон Додов аз мансаб сабукдӯш гардиданд.
Ғайр аз ин, муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милиса Илҳомҷон Каримов низ аз вазифа озод гардид.
«Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ сардори ШКД-и ноҳияи мазкур полковники милиса Сафармад Одинаев ва сардори шӯъбаи тафтишотии ҳамин шӯъба, майори милиса Баҳодур Содиқов огоҳиномаи қатъӣ гирифтанд», – гуфт Асадуллоев.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки вазири корҳои дохилӣ ба сохтори марбута супориш дод, ки дар мавриди муайян кардани сабабҳои марги Баҳромиддин Шодиев тафтишоти дақиқ гузаронида шуда, дар сурати ба ин амал даст доштани кормандони милиса, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки гумонбаршуда ба содир намудани як қатор ҷиноятҳои дуздӣ Баҳромиддин Шодиев 28-сола дар ҳолати вазнин аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Маркази миллии тиббӣ интиқол дода шуд ва пас аз 10 рӯз ба ҳалокат расид.
Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда ба содир кардани як қатор амалҳои дуздӣ баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.
Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.
Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.
Аз ҷумла дар изҳороти ташкилот гуфта мешуд, «эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад. Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд».


