Суғд: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба комиссари ҳарбӣ барои даъвати донишҷӯ

Date:


Барои ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани донишҷӯ нисбат ба комиссари ҳарбии ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Хуршед Қобилов парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, прокуратураи ноҳияи Зафаробод нисбат ба Х.Қобилов мутобиқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки комиссари ҳарбӣ бо суистеъмол аз ваколатҳои мансабиаш ва нодида гирифтани талаботи моддаи 21, қ. 2, банди «б»-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» донишҷӯйи курси 1-уми шӯъбаи рӯзонаи техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод, И.Д.-и 19-соларо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудааст.

«Дар натиҷаи ин амалкард ҳуқуқҳои конститутсионии И.Д. ба таҳсил поймол карда шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки тафтишоти далели мазкур идома дорад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...