«Тоҷик Эйр»: Ба хатсайри Душанбе-Машҳад ягон билет фурӯхта нашуд

Date:


Парвози ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Машҳад (Эрон), ки мебоист аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба иҷро мерасид, анҷом дода нашуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ҶСК «Тоҷик Эйр» Лола Кенҷаева хабар дод, сарфи назар аз эълон ва таблиғи анҷоми парвоз тавассути ин хатсайр, ба парвози аввалин ягон билет фурӯхта нашуд.

«Парвози навбатӣ тавассути ин хатсайр санаи 27-уми ноябр пешбинӣ мешавад, вале то ҳанӯз хоҳишмандони сафар ба Машҳад хеле каманд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии «Осмон Эйр»-и Эрон дар як ҳафта ду маротиба парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Машҳадро анҷом медиҳад. Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар як ҳафта ду маротиба парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар ба Теҳронро таъмин менамояд, вале бинобар коҳиши шумори мусофирон, ширкат маҷбур аст, ки гоҳе парвози ҳавопаймоҳоро то як маротиба дар як ҳафта кам кунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон дар саросари ҷаҳон коҳиши шумори мусофирон дар хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, аксари ширкатҳо шумори парвози ҳавопамоҳоро бо хатсайрҳо кам мекунанд ё барои нигоҳдошти ҷолибияти ширкат бар зарари худ ин парвозҳоро анҷом медиҳанд. Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Машҳад дар мавсими тирамоҳу зимистонро коршиносон камбуди менеҷерон ва аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор набудани хадамоти бозоршиносӣ (маркетингӣ)-и ширкат унвон мекунанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...