«Тоҷик Эйр»: Ба хатсайри Душанбе-Машҳад ягон билет фурӯхта нашуд

Парвози ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Машҳад (Эрон), ки мебоист аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба иҷро мерасид, анҷом дода нашуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ҶСК «Тоҷик Эйр» Лола Кенҷаева хабар дод, сарфи назар аз эълон ва таблиғи анҷоми парвоз тавассути ин хатсайр, ба парвози аввалин ягон билет фурӯхта нашуд. «Парвози навбатӣ тавассути ин хатсайр […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Парвози ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Машҳад (Эрон), ки мебоист аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба иҷро мерасид, анҷом дода нашуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ҶСК «Тоҷик Эйр» Лола Кенҷаева хабар дод, сарфи назар аз эълон ва таблиғи анҷоми парвоз тавассути ин хатсайр, ба парвози аввалин ягон билет фурӯхта нашуд.

«Парвози навбатӣ тавассути ин хатсайр санаи 27-уми ноябр пешбинӣ мешавад, вале то ҳанӯз хоҳишмандони сафар ба Машҳад хеле каманд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии «Осмон Эйр»-и Эрон дар як ҳафта ду маротиба парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Машҳадро анҷом медиҳад. Ғайр аз ин, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар як ҳафта ду маротиба парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар ба Теҳронро таъмин менамояд, вале бинобар коҳиши шумори мусофирон, ширкат маҷбур аст, ки гоҳе парвози ҳавопаймоҳоро то як маротиба дар як ҳафта кам кунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон дар саросари ҷаҳон коҳиши шумори мусофирон дар хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, аксари ширкатҳо шумори парвози ҳавопамоҳоро бо хатсайрҳо кам мекунанд ё барои нигоҳдошти ҷолибияти ширкат бар зарари худ ин парвозҳоро анҷом медиҳанд. Ифтитоҳи хатсайри нави ҳавоии Душанбе-Машҳад дар мавсими тирамоҳу зимистонро коршиносон камбуди менеҷерон ва аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор набудани хадамоти бозоршиносӣ (маркетингӣ)-и ширкат унвон мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.