Дар Ӯзбекистон 270 вагони Тоҷикистон мутаваққиф шуд

Date:


Сарфи назар аз қатъи ҳаракати қатораҳо дар қисмати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, масъулони роҳи оҳани Ӯзбекистон қабули вагонҳои ба самти қисмати Қӯрғонтеппа равонаи роҳи оҳани Тоҷикистонро идома медиҳанд.

Бино ба маълумоти хадамоти иттилоотии «Ӯзбекистон темир йӯллари», айни замон шумори чунин вагонҳо ба 270 адад расида, он «ба корҳои истифодабарии роҳи оҳани худи Ӯзбекистон низ таъсири манфӣ мерасонад».

Гуфта мешавад, бо мақсади ба муддати зиёд мутаваққиф нагардидани вагонҳои дорои маҳсулоти гуногун барои истеъмолгарони Тоҷикистон, мақомоти раҳбарии роҳи оҳани Ӯзбекистон чандин маротиба ҳамтоёни тоҷики худро огаҳ сохтааст, ки ба фиристодани ин вагонҳо тавассути нуқтаи пайвасти байнидавлатии Қудуқлӣ омода аст, аммо то ҳанӯз аз ҷониби Тоҷикистон посухе дастрас накардааст.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябр дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ғалаба-Амузанг) дар қаламрави Ӯзбекистон таркиш ба вуқӯъ пайваста, ҳаракати қатораҳо, аз ҷумла қатораҳои самти Қӯрғонтеппа тавассути ин хатти роҳ қатъ гардид.

Аз КВД «Роҳи оҳанти Тоҷикистон» хабар доданд, ки сар аз 17 ноябр ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби кишвар қатъ гардида, воридоту содироти молу маҳсулот низ баста шуд.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳор карданд, ки аз ширкати роҳи оҳани «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба онҳо бобати дар ин қитъаи роҳ баргузор намудани корҳои таъмир барқия расидааст. «Дар бартараф кардани мушкилот мо  ёрии худро пешниҳод кардем, вале то ҳанӯз аз онҳо дар ин хусус посухе нагирифтаем», – гуфтанд дар вазорат.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...