Дар Ӯзбекистон 270 вагони Тоҷикистон мутаваққиф шуд

Сарфи назар аз қатъи ҳаракати қатораҳо дар қисмати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, масъулони роҳи оҳани Ӯзбекистон қабули вагонҳои ба самти қисмати Қӯрғонтеппа равонаи роҳи оҳани Тоҷикистонро идома медиҳанд. Бино ба маълумоти хадамоти иттилоотии «Ӯзбекистон темир йӯллари», айни замон шумори чунин вагонҳо ба 270 адад расида, он «ба корҳои истифодабарии роҳи оҳани худи Ӯзбекистон низ таъсири манфӣ […]


Сарфи назар аз қатъи ҳаракати қатораҳо дар қисмати роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, масъулони роҳи оҳани Ӯзбекистон қабули вагонҳои ба самти қисмати Қӯрғонтеппа равонаи роҳи оҳани Тоҷикистонро идома медиҳанд.

Бино ба маълумоти хадамоти иттилоотии «Ӯзбекистон темир йӯллари», айни замон шумори чунин вагонҳо ба 270 адад расида, он «ба корҳои истифодабарии роҳи оҳани худи Ӯзбекистон низ таъсири манфӣ мерасонад».

Гуфта мешавад, бо мақсади ба муддати зиёд мутаваққиф нагардидани вагонҳои дорои маҳсулоти гуногун барои истеъмолгарони Тоҷикистон, мақомоти раҳбарии роҳи оҳани Ӯзбекистон чандин маротиба ҳамтоёни тоҷики худро огаҳ сохтааст, ки ба фиристодани ин вагонҳо тавассути нуқтаи пайвасти байнидавлатии Қудуқлӣ омода аст, аммо то ҳанӯз аз ҷониби Тоҷикистон посухе дастрас накардааст.

Ёдрас мекунем, ки 16-уми ноябр дар хатти роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ғалаба-Амузанг) дар қаламрави Ӯзбекистон таркиш ба вуқӯъ пайваста, ҳаракати қатораҳо, аз ҷумла қатораҳои самти Қӯрғонтеппа тавассути ин хатти роҳ қатъ гардид.

Аз КВД «Роҳи оҳанти Тоҷикистон» хабар доданд, ки сар аз 17 ноябр ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануби кишвар қатъ гардида, воридоту содироти молу маҳсулот низ баста шуд.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала изҳор карданд, ки аз ширкати роҳи оҳани «Ӯзбекистон темир йӯллари» ба онҳо бобати дар ин қитъаи роҳ баргузор намудани корҳои таъмир барқия расидааст. «Дар бартараф кардани мушкилот мо  ёрии худро пешниҳод кардем, вале то ҳанӯз аз онҳо дар ин хусус посухе нагирифтаем», – гуфтанд дар вазорат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.