Сафири ҶТ дар ИА дабири кулли нави Паймони Нерӯро ба Тоҷикистон даъват кард

Date:


Дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғория 22-юм Конфронси Паймони Нерӯ баргузор гардид. Дар ҷараёни кори Конфронс номзад аз Словакия Урбан Русак ба ҳайси Дабири кулли нави ин созмони байналмилалӣ интихоб гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳошияи Конфронси зикргардида Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли навинтихобшудаи Паймони Неру Урбан Русак мулоқот барпо намуд.

Зимни сӯҳбат Сафири Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Урбан Русакро бо таъин шудан ба мақоми Дабири кулли Паймони Неру табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ӯ комёбиҳо таманно кард.

Сипас ҷонибҳо ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Паймони Неруро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор дода, раванди онро мусбат арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, мусоҳибон роҳҳои мушаххаси пиёдасозии рушди муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дипломати тоҷик Дабири кулли навинтихобгардидаи Паймони Неру Урбан Русакро аз номи Ҳукумати кишвар ба Тоҷикистон расман даъват кард.

Дар навбати худ, Урбан Русак барои табрикоти самимӣ изҳори сипос карда, даъвати расмиро бо мамнуният пазируфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related