Бинобар бетаваҷҷӯҳӣ Садриддин Тошев гуруснанишинро қатъ кард

Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, ба туфайли мусоидати сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазо генерал Иззатулло Шарифов ба ӯ муяссар шудааст, ки бо маҳбус Садриддин Тошев вохӯрад. «Ӯ ҳақиқатан ҳам муддати ин рӯзҳо (як ҳафта) гуруснанишинӣ кардааст, вале ман ӯро водор сохтам, ки аз гуруснанишинӣ даст кашад. Ман аз ӯ пурсидам, ки дар тамоми ин муддате, ки ту […]


Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, ба туфайли мусоидати сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазо генерал Иззатулло Шарифов ба ӯ муяссар шудааст, ки бо маҳбус Садриддин Тошев вохӯрад.

«Ӯ ҳақиқатан ҳам муддати ин рӯзҳо (як ҳафта) гуруснанишинӣ кардааст, вале ман ӯро водор сохтам, ки аз гуруснанишинӣ даст кашад. Ман аз ӯ пурсидам, ки дар тамоми ин муддате, ки ту гуруснанишнинӣ кардӣ, наздат ягон намояндаи созмонҳои байнулмилалӣ ё сохторҳои расмӣ омаданд? Ӯ посухи рад дод. Аз ин рӯ, ман аз ӯ дархост кардам, ки дигар ба саломатии худаш зарар наорад», – гуфт ӯ.

Номбурда мегӯяд, ба маҳбус гуфтааст, ки акнун аз қазияи ту ҳама огаҳанд, ВАО мудом онро инъикос мекунанд ва ба ӯ дигар гуруснанишинӣ зарурат надорад, то ки шикояти ӯро бишнаванд. «Қабл аз рафтани ман мо ҳамроҳ чой нӯшидем», – афзуд О.Бобоназарова.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтае пеш маҳбус Садриддин Тошев бештар маъруф ҳамчун Қорӣ Садриддин , ки даҳ сол қабл ба муддати 25 соли зиндон маҳкум шудааст, дар робита ба масъалаи мавриди афв қарор нагирифтан гуруснанишинӣ эълон кард.

Дар номаи худ ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, додситони кулли кишвар Шерхон Салимзода, вазири адлия Бахтиёр Худоёров, раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Комиссариати СММ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва як қатор созмонҳои байнулмилаливу ВАО Садриддин Тошев аз ҷумла изҳор карда буд, ки «гап сари он аст, ки мутобиқи Қонун «Дар бораи афв» аз 28-уми августи соли 2001, мӯҳлати ҷазои ман бояд кам карда шавад ва мувофиқи талаботи моддаи 10-и Қонун «Дар бораи афв» аз 20-уми августи соли 2011 ман бояд озод кард шавам, вале то ҳанӯз ин амал сурат нагирифтааст. Ин қонунҳо нисбат садҳо маҳкумшудагон, ки мутобиқи моддаҳои вазнин маҳкум шудаанд, истифода шуданд ва онҳо аллакай дар озодианд, вале нисбат ба ман ин қонунҳо татбиқ нашуданд».

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи 2-юми сентябр додситони кулли ҷумҳурӣ дар нишасти хабарии махсус ному фамилияи шахсонеро, ки ҳамчун иштирокчиёни ошӯбҳои солҳои 1997-1998 мавриди афв қарор мегиранд, номбар кард ва он ҷо номи Садридддин Тошев ҳам ҳузур дошт.

Ба қавли Бузаргмеҳр Ёров, адвокати С.Тошев, сарфи назар аз ҳуқуқи озодӣ доштани зерҳимояи ӯ, додситонии кулл то ҳанӯз ин масъаларо ҳал накардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.