Дар шарқи ҷумҳурӣ садамаи нақлиёт ҷони як танро рабуд

Date:


Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ як ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки боиси талафоти ҷонӣ гашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаби 5-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи Mitsubishi Pajero, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе М.И. ҳангоми ҳаракат дар километри 394-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар мавзеи Марғизори ноҳияи Дарвози ВМКБ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аз ҷарии 30-метр ба рӯдхонаи Панҷ сарозер мешавад.

«Дар натиҷа яке аз се мусофирон – сокини 36-солаи ноҳияи Ванҷ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бистарӣ шудаанд», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсат Бозрасии давлатии автомобили кишвар, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 6 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо шаш нафар ҳалок ва се тан ҷароҳат бардоштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...