Сардори Хадамоти муҳоҷират низ озими Санкт-Петербург шуд

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев ва роҳбари намояндагии ин хадамот дар Русия Асрор Одинаев ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин ҷо онҳо ният доранд, бо мақомоти раҳбарии ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои қазия ва тафтишоти объективии қатли ваҳшиёнаи […]


Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев ва роҳбари намояндагии ин хадамот дар Русия Асрор Одинаев ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин ҷо онҳо ният доранд, бо мақомоти раҳбарии ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои қазия ва тафтишоти объективии қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов гуфтушунид анҷом диҳанд.

Ҳамчунин мулоқоти С.Девонаев бо сардори Раёёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Елена Дунаева ба нақша гирифта шуда, дар он баррасии масоили густариши ҳамкориҳои мутақобила, андешидани чораҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи муҳоҷирони корӣ ва тавсеъаи роҳандозии интихоби муташаккили захираҳои меҳнатӣ барои эҳтиёҷоти иқтисоди минтақа дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамчунин субҳи имрӯз бо супориши раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Маҳмадалӣ Ватанов низ ҷиҳати расидагӣ ба қатли мудҳишонаи шаҳрванди тоҷик озими шаҳри Санкт-Петербури Русия шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.