Маркази барқу гармидиҳии Душанбе супориши «Барқи тоҷик»-ро интизор аст

Date:


Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими нав омода аст, лекин то ҳанӯз ба оғози кор аз ШСХК «Барқи тоҷик», ки ба сохтори он дохил мешавад, ҳеҷ супорише нагирифтааст.

Як манбаъ аз корхонаи мазкур ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфт, дар бораи таъмини корхона бо гази табиӣ миёни ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ширкати «Барқи тоҷик» аллакай шартнома ба имзо расидааст, вале дақиқан гуфта натавонист, ҳаҷми гази табиӣ барои ин мавсим чӣ миқдор аст.

Дар корхонаи мазкур зикр карданд, ки айни замон захираи сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут дар анборҳои корхона 13 ҳазор тоннаро ташкил дода, боз рӯзҳои наздик ба корхона 5 ҳазор тоннаи дигар мазут оварда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ду соли ахир Маркази барқу гармидиҳии пойтахт аз 1-уми декабр ба кор шурӯъ мекард. Солҳои пешин мавсими кори марказ аввали моҳи ноябр оғоз гардида, аввалҳои моҳи апрел ба анҷом мерасид.

Иқтидори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 198 МВт-ро ташкил дода, корхона соли 1968 ба истифода дода шудааст. Дар корхона ба сифати сӯзишвории асосӣ гази табиӣ ва сӯзишвории эҳтиётӣ мазут истифода мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...