Маркази барқу гармидиҳии Душанбе супориши «Барқи тоҷик»-ро интизор аст

Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими нав омода аст, лекин то ҳанӯз ба оғози кор аз ШСХК «Барқи тоҷик», ки ба сохтори он дохил мешавад, ҳеҷ супорише нагирифтааст. Як манбаъ аз корхонаи мазкур ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфт, дар бораи таъмини корхона бо гази табиӣ миёни ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва […]


Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба мавсими нав омода аст, лекин то ҳанӯз ба оғози кор аз ШСХК «Барқи тоҷик», ки ба сохтори он дохил мешавад, ҳеҷ супорише нагирифтааст.

Як манбаъ аз корхонаи мазкур ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфт, дар бораи таъмини корхона бо гази табиӣ миёни ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ширкати «Барқи тоҷик» аллакай шартнома ба имзо расидааст, вале дақиқан гуфта натавонист, ҳаҷми гази табиӣ барои ин мавсим чӣ миқдор аст.

Дар корхонаи мазкур зикр карданд, ки айни замон захираи сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут дар анборҳои корхона 13 ҳазор тоннаро ташкил дода, боз рӯзҳои наздик ба корхона 5 ҳазор тоннаи дигар мазут оварда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ду соли ахир Маркази барқу гармидиҳии пойтахт аз 1-уми декабр ба кор шурӯъ мекард. Солҳои пешин мавсими кори марказ аввали моҳи ноябр оғоз гардида, аввалҳои моҳи апрел ба анҷом мерасид.

Иқтидори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 198 МВт-ро ташкил дода, корхона соли 1968 ба истифода дода шудааст. Дар корхона ба сифати сӯзишвории асосӣ гази табиӣ ва сӯзишвории эҳтиётӣ мазут истифода мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.