Чанде қабл дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсия Россия Татьяна Мерзлякова бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи вохӯрӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма Т. Мерзлякова ва З. Ализода Созишномаи ҳамкории байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Россияро ба имзо расониданд, ки яке аз бандҳои асосии он мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, Т. Мерзлякова зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар миёни муҳоҷирони меҳнатии дар вилояти Свердловск кору фаъолиятбаранда муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо аксариятро ташкил медиҳанд, ки имзои ин Созишнома ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мусоидат хоҳад кард.
Зикр гардид, ки зимни вохўрӣ ҷонибҳо аз фаъолияти худ дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд табодули назар намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.


