ВКХ ҶТ бунёди нерӯгоҳҳо баҳри рушди Афғонистонро мувофиқи мақсад мешуморад

Зимни суханронӣ дар конфронс оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ намуд. «Тоҷикистон аз он бармеояд, ки барои тағйироти қатъии вазъ дар […]


Зимни суханронӣ дар конфронс оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ намуд.

«Тоҷикистон аз он бармеояд, ки барои тағйироти қатъии вазъ дар Афғонистон аввалан ба ҷалби ин кишвар дар ҳамкории минтақавӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки минтақаро бо роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000, қубурҳои газ, ҳамчунин дигар коммуникатсияҳо мепайвандад, диққат додан лозим аст», – гуфт вазири корҳои хориҷии ҶТ.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар идома Ҳ.Зарифӣ таъкид сохт, ки зарур аст, то ба инкишофи зарфияти инсонии Афғонистон тавассути боло бардоштани сатҳи маориф таваҷҷӯҳ равона гардад. «Тоҷикистон ба омодасозии мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эҳтиёҷоти шаҳрвандии Афғонистон саҳми фаъол мегузорад. Тоҷикистон ҳамчунин сохтани маркази бисёрсоҳаи таҳсилоти касбӣ-техникиро дар ҳудуди Тоҷикистон иқдом мекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват месозад, то барои татбиқи ин тарҳ мусоидат намоянд», – иброз дошт Ҳ.Зарифӣ.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки масъалаи ҷалби хоҷагидорони афғонро ба барномаҳои кишоварзӣ баҳри иваз кардани зироати нашъаовар ба кишти «безарар» муҳим аст. «Вобаста ба ин, пешниҳод дорем ба Афғонистон хусусан барои ҳалли таъмини захираҳои обӣ ва барқарорсозии низоми обёрӣ кӯмак расонида шавад. Мо мувофиқи мақсад будани сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обӣ-барқиро дар Тоҷикистон дар болооби дарёҳои Амударё ва Панҷ бо сарбандҳо барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тасдиқ менамоем», – илова кард номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.