Дар чаҳорчӯби иштирок дар кори Конфронси Байналхалқӣ оид ба Афғонистон дар Бонн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо роҳбарони ҳайатҳое, ки дар кори Конфронс иштирок доштанд, як қатор вохӯриҳо анҷом дод.
Тавре азАз ҷумла, вохӯрӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷаноби Ержан Қозихонов, Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Ҷанубӣ, хонум Изабел Герреро, Президенти Бонки исломии рушд ҷаноби А. Ал Мадани ва бо Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғохони IV баргузор гардиданд.
Дар рафти вохӯрӣ ва мулоқотҳо Вазири корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ намуд.
Вазир Ҳ.Зарифӣ бахусус таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбатонашро ба вазъияти баамаломадаи вобаста ба таъмини қувваи барқ дар кишвар ва мушкилиҳои ҷойдошта дар фасли зимистон ҷалб кард.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаи Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалии молиявиро оид ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар ҷумҳурӣ тазаккур дод. Бахусус ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаи гузаронидани ташхисҳои дахлдори лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун таъкид гардид.
Ҳ.Зарифӣ ба муҳим будани ҷодаи номбурда таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ба анҷоми ташхисҳо дар мӯҳлатҳои банақшагирифташуда умедворӣ иброз дошт.
Вазир Ҳ. Зарифӣ зарурати сохтмони ин ва дигар иншоотҳоро барои таъмини кишвар бо қувваи барқ ва бартарафкунии камбуди шадиди қувваи барқ барои мардум ва саноати ҷумҳурӣ дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон махсус қайд намуд.
Ӯ бори дигар ба мусоҳибони худ итминон дод, ки Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо сохторҳои гуногун ва шарикони байналхалқӣ идома диҳад.
Зимни мулоқотҳои барпошуда, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000-ро, ки натанҳо барои Тоҷикистон, балки инчунин барои кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон муҳим мебошад, таъкид кард.
Ҳамрохон Зарифӣ умедвории худро аз дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон ва дарки амиқи ҳаётан муҳим будани гидроэнергетика барои рушди минбаъдаи иқтисоди ҷумҳурӣ иброз дошт.


