Сӯҳроб Шарифов: Путин гарави субот ва рушди Русия аст

Date:


Эътирозҳои Маскав дар марҳилаи кунунии рушди кишварҳои собиқ шӯравӣ пас аз интихоботҳо хоси  ҳамаи ин кишварҳост, – мегӯяд роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.

«Пас аз интихобот ҳамеша гурӯҳе қаноатманду гурӯҳи дигар норозиянд ва норозиҳо бар ин назаранд, ки имконоти маъмурӣ истифода шудаасту маъракаи интихоботӣ шафоф набуд ва мухолифони мағлуб маъмулан чунин рафтор мекунанд», – мегӯяд вай.

Коршинос чунин мешуморад, ки дар вазъи мавҷуда дар Русия ҳеҷ аломатҳои ҷинояткорӣ нест, зеро агар чунин амалҳо дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ баргузор шаванд, мухолифон ба он ҳуқуқ доранд.

«Ояндаи наздик мавҷи эътирозҳо дар Русия ба анҷом расида, вазъ мисли пештара мӯътадил мегардад, – мӯътақид аст ӯ. – Путин гарави субот ва рушди Русия аст, аз ин рӯ, гумон намекунам, ки мавҷи эътирозҳо аз қаламрави Маскав берун рафта, аз Владивосток то Калининградро фаро гирад».

Ба андешаи директори МТС, Русия дар марҳилаи муайяни рушди демокртаия қарор дорад ва дастовардҳои ӯ дар ин самт ба ҷуз кишварҳои Назди Балтик, аз дастовардҳои кишварҳои дигар собиқ шӯравӣ ҳеҷ тафовуте надорад.

Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, айни замон наметавон гуфт, ки дар Русия ҳодисаи фавқулоддае ҷараён дорад. «Дар Тоҷикистон низ аҳзоби сиёсӣ пас аз интихобот норозигӣ изҳор карда буданд, вале дар мо чунин эътирози оммавӣ ва гирдиҳамойиҳо сурат нагирифтанд. Минбаъд агар фарҳанги эътироз дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ рушд ёбад, дар Тоҷикистон низ ба вуқӯъ пайвастани ба ин монанд вокуниш ба натиҷаҳои интихобот аз эҳтимол дур нест, – иброз дошт Шарифов. — Ин ба сатҳи фарҳанги сиёсӣ, қабули рафтори муайян дар шароити демократия вобаста аст. Ин ҷо сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ доштан зарур аст, яъне ин масъулияти афродест, ки зимни шаҳрвандони оддиро ба гирдиҳамоиҳо раҳнамун сохтан, бояд тартиботу қонунро дақиқ риоя намоянд». 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....