Кӯмаки Ҷопон дар таъмири яке аз мактабҳои ноҳияи Мурғоб

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи рақами 6 дар ҷамоати Аличур ноҳияи Мурғоб» ҳамчун кӯмаки бебозгашт 112.106 доллари ИМА ҷудо намуд. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 7 декабри соли 2011 шартномаи лоиҳаи мазкур аз тарафи ҷаноби Хиройуки Имахашӣ, […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи рақами 6 дар ҷамоати Аличур ноҳияи Мурғоб» ҳамчун кӯмаки бебозгашт 112.106 доллари ИМА ҷудо намуд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 7 декабри соли 2011 шартномаи лоиҳаи мазкур аз тарафи ҷаноби Хиройуки Имахашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаноби Мурзабай Ҷошбаев, раиси ноҳияи Мурғоб ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби сардии иқлим ва бетаъмир мондани мактаби рақами 6, бинои он дар ҳолати фарсуда қарор дорад. Боми мактаб фарсудаву шикастапора гардида, дар ҳолати номусоид қарор дорад. Намнокиҳои бардавом дару дирезаҳои мактабро хароб намуданд. Дар мактаб нарасоии таҷҳизотҳои мактабӣ хеле назаррас аст.

Зимнан зикр гардид, ки тавассути лоиҳаи мазкур корҳои барқарорсозии мактаб, минҷумла аз нав намудани бом, дару тирезаҳо дар назар дошта шудааст. Зиёда аз ин мактаб ба таҷҳизотҳои омӯзишӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва тахтасинф муҷаҳҳҳаз мегардад. Беҳтар намудани муҳити мактаб ба воситаи лоиҳа ба инкишофи маориф дар ҷамоати «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб таъсири мусбат мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 280 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20,8 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.