Нимаи аввали соли оянда корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1» ба анҷом мерасанд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷкистон ва Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди нерӯгоҳи обӣ-барқии «Варзоб-1»-ро, ки ҳанӯз соли 2007 ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор кард, ки барои корҳои таҷдиди […]


Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷкистон ва Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон дар бораи таҷдиди нерӯгоҳи обӣ-барқии «Варзоб-1»-ро, ки ҳанӯз соли 2007 ба имзо расида буд, ба тасвиб расонид.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор кард, ки барои корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1», ки соли 1936 бунёд шудааст, ҷониби Ҳиндустон ба таври ройгон беш аз 17 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми корҳои таҷду азнавсозӣ агрегати аввалини нерӯгоҳ моҳи апрел ва агрегати дуюм – моҳи июни соли оянда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

«Қариб 80%-и таҷҳизоти зарурӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, дар анборҳои мақомоти гумрук нигаҳдорӣ мешавад, – иброз дошт П.Муҳиддинов. – Барои аз боҷи гумрукӣ озод кардан ва ба майдони сохтмон расонидани онҳо тасдиқи ёддошти мазкур зарур буд».

П.Муҳиддинов зикр кард, ки иқтидори ду агрегати нерӯгоҳ пас аз анҷоми корҳои таҷдиду азнавсозӣ ба миқдори 2 мегаватт зиёд шуда, иқтидори умумии он ба 9,5 мегаватт хоҳад расид.

Ба эроди раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров перомуни аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат ба муддати чор сол ба таъхир андохтани тасдиқи ёддошти мазкур, Муҳиддинов посух дод, ки «ба ин нақшаҳои тез-тез ивазшавандаи ҷониби Ҳиндустон боис гардид».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".